РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи «Дарҳои боз» доир гардид

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи «Дарҳои боз» доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Дар чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои кишвар, хабарнигорони Васоити ахбори оммаи миллӣ, донишҷӯёну муҳасиллини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва берун аз он иштирок намуданд.   Сараввал Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни байналмилаллии Наврӯз як бори дигар таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории Рӯзи “Дарҳои боз” ин нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик буда, ба ин васила инъикоси Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи соҳибмахзан, дорои фонди бою ғанӣ ва соҳибкитобиву соҳибдевонии миллати куҳанбунёдамон мебошад. Китоб муаррифгари халқҳо, василаи бо ҳам ошноӣ пайдо кардан, ба ҳам омадан ва мавҷудияти дӯстиву рафоқат миёни мост.

Ҳамчунин Сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирализода Раҳмоналӣ низ дар боби китобу китобдорӣ суханронӣ намуд.

Иштирокчиён ба намоиши китобҳои тозанашр ва аз фурӯши онҳо шинос шуда, иловатан бо ҳунарҳои мардумиву рассомӣ ошноӣ пайдо намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ аз санаи 30 то 31 марти соли равон идома хоҳад ёфт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram