РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?

Терроризм чист? Террорист кист? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад? Сабабу омилҳои аслии пайдоиши гурӯҳу созмонҳои ифротӣ ва гароиши ҷавонон ба онҳо дар чист? Ин ва садҳо суоли дигар агарчи посухҳое ёфтаанд, вале воқеият бо сароҳат барои мо ошкор менамояд, ки роҳкори пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаҳои манфури рӯз ҳанӯз муассир нест. Ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои даҳшатноку ғамангезеро ҳар замон дар худ таҷриба мекунад. Бо чунин матлаб оғоз шудааст мақолаи  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи МУКАРРАМ. Номбурда дар идомаи матлаб чунин изҳори назар кардааст:

— Пас аз чандин ҳазор соли тамаддунофарӣ, пешрафт, рушд, такомулу таҳаввул ва шаклгирии ҳазорон гунаи фарҳангу санъат, ҳунар ва дар умум, ба зинаи олии ташаккул расидани инсон, дар асри нав терроризм (ҳаросафканӣ) ва экстремизм (ифротгароӣ) ҳамчун нафратангезтарин зуҳуроти иҷтимоии башар аз худ дарак доданд.

Манфиатҷӯйӣ, бартарихоҳӣ ва қудратталабӣ, ки дар ниҳоди нохудогоҳи инсон зуҳур намуда, бо разолату ҷаҳолат омезиш ёфт, омили пайдоиши терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ шуд. Барои башар таассуфовар ин аст, ки бо пайдоишу густариши терроризм ва ифроту тафрит мақому мартабаи шариф, бузург ва муқаддаси инсон дар олами ҳастӣ доғдор гардид.

Мутаассифона, бо вуҷуди муборизаи саросарӣ, қотеъият ва анҷоми тамоми чораҳои пешгирӣ аз ин падидаҳо ҳанӯз ҳам ҳадсу гумонҳои зиёде бар зеҳнҳои огаҳ зуҳур мекунанд ва ҳазорон суолҳои нокушода ва мубҳаму машкукро дар назди инсон пеш мегузоранд. Коршиносон ва таҳлилгарон бар ин ваҳдати назар ҳастанд, ки нафрату кина, ҷаҳлу ҷаҳолату нодонӣ, таассубу хурофот, ноумедӣ, афсурдагии равонӣ, бардоштҳои ғалат аз падидаҳои сиёсӣ, гумроҳиҳои эътиқодӣ ва нодории молӣ сабаб мешаванд, ки кас ба боварҳои таҳрифшуда ва ҳадафмандонаи гурӯҳҳои ифротӣ дода шавад.

Дар шинохти террористу экстремист назарҳо ва шарҳу тафсир гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳи беҳтаре аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ва ботакрор таъкид менамоянд, наметавон ёфт, ки гуфтаанд: «Тероррист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Оре, террорист мавҷуди беҳувияте аст, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст. Яъне, террористро на танҳо наметавон инсон номид, балки ҳайвон шумурдани он низ тавҳин бар олами вуҳуш аст. Ифротиён ҷаллодони дастомӯзи аҳриман ҳастанд, ки бо даҳшатҳову ваҳшатҳо ба ҷойи зиндагӣ дар рӯйи Замин тухми нифоқу нафрат ва марг мекоранд. Террорист мавҷуди маъюбу махуфу сиёҳи сарзамини ҷоҳилӣ аст, ки ҳар амалу рафтори хашини ӯ дар сиёҳтарин сафҳаи дафтари таърих аз худ нишон мегузорад.

Руҷуъе ба таърихи пайдоиш, раванди шаклгирӣ, падидорӣ, ҳадафу ният ва анвои мухталифи терроризми байналмилалӣ ин далелро дар назди мо собит ва возеҳу ошкор менамояд, ки дар паси ташкили ҳама гуна гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ манфиатҳои нопоки иқтисодӣ, молӣ ва фитнаву дасисаҳои абарқудратҳо меистанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин неруҳои пасипарда ҳамасола маблағҳои ҳангуфтеро ба ҷойи истифода дар пешрафти илму фарҳанг, тарбияи наслҳо ва, дар кулл рифоҳу саодати башар, баръакс барои чархонидани чархаи фаъолият ва иҷрои амалҳои нопоки ин гурӯҳу созмонҳо сарфу харҷ менамоянд.

Дар асри пешрафти илм, дар замоне, ки башар бар ҳастии хеш арзиши баланд қоил гардида, фатҳи коинотро мақсад қарор додааст, ин гуна муносибат ва мавҷудияти терроризму эстремизм дар рӯйи ин сайёраи хокӣ нанги бузург аст. Пас чӣ бояд кард? Башар чи роҳеро бояд интихоб кунад, то ки аз ин нанги бузург барои ҳамеша раҳоӣ ёбад? Оё ин роҳ вуҷуд дорад?

Бегумон, решакан кардани терроризми байналмилаӣ кори содаву осон нест, вале ҳадди имконпазири он муайян аст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамоҳангии фаъолияти башар барои несту нобуд кардани терроризм солҳо боз идома дорад ва дар ин роҳ натиҷаҳои чашмрасе ба даст омадаанд, вале дар баробари ин, сиёсатҳои машкуки баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон, ки аз фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротӣ манфиатдор мебошанд, садди асосӣ дар роҳи решакан кардани ин зуҳурот шумурда мешаванд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷумҳурии азизи мо – Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлолу озод наметавонад аз таҳдиду хатарҳои ин амалҳо дар канор бошад. Бо дарки амиқ аз хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ барои суботу оромии сайёра Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқоту суҳбатҳояшон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон борҳо изҳори назар намудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштаанд, ки «имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ ба миён овардааст».  Ҳамзамон дар Тоҷикистон барои муҳайё намудани заминаҳои мубориза бо ҳама шаклҳои терроризму экстремизм қонуну стратегия ва консепсияҳои зиёде амал менамоянд, ки ҳама барои мутамарказу қавӣ намудани мубориза ва ҳамаҷониба маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ равона шудаанд. Вале новобаста аз ин, чолишҳои дохиливу хориҷӣ ва воқеияти ҷаҳони муосир гувоҳ мебошанд, ки ҳанӯз ҳам мавридҳои зиёди пайвастани шаҳрвандони мамлакати мо ба сафи гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ  ба чашм мерасанд.

Пас чӣ бояд кард? Барои дар доираи маҳдудаи давлат ва бо донистани мушахассоти таърихиву фарҳангии мардум захмҳои ҳувиятии миллатро дармон кардан таваҷҷуҳ ба омилҳои зерин шарт ва зарур аст.

Сухани асил — ҷавҳари тарбияи инсони комил

Тоҷикон ҳамчун миллати ҳикматниюш ва тамаддунофар ҳамеша ба қудрати сухан ниёз доранд, ки ҷонмояи он ақл, илм, маърифат, хирад, дунёдаркӣ, ҳикмат ва ҳидоят ба роҳи растагорӣ аст. Ҳамин хислат аст, ки аз жарфои таърих мардуми адабпарвару маърифатгустари тоҷик дар мазҳару меҳвари сухан ҳастӣ, асолат ва ҳувияташонро нигаҳ доштаву имрӯз низ ба қудрати безаволи он такя мекунанд. Мусаллам аст, ки имрӯз зимоми сухану суханварӣ дар дасти мо – роҳбарони ниҳодҳои идеологӣ, аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеа қарор дорад. Таваҷҷуҳ ба ин арзиши ҳаётӣ дар ҷаҳони тағйиру таҳаввул рисолати имониву виҷдонии мо аст.

Мо имрӯз хуб дарк менамоем, ки арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии башар сухан аст, зеро он воситаи асосии тарбияи инсони комил буда, дар ташаккули афкори ҷомеа ва диди нави иҷтимоӣ таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Коре, ки бо қудрати сухан ба субут мерасад, тариқи роҳи дигаре онро анҷом додан нашояд.

Дар баробари ин ҳама чолишҳо ва ҳаводиси тақдиршикан виҷдони мо бояд исён кунад ва мо дар ҳамовозӣ бо паёмҳои роҳнамосози Пешвои миллат барои поксозии тафаккуру шуури насли имрӯзу фардо аз хурофоту таассуб, терроризму ифротгароӣ ва бегонапарастӣ бо неруи муассир ва пурқудрати сухан талошҳои бедареғ варзем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқ ва тарбияи идеологӣ, бавижа идеологияи миллӣ, ки аз маҷмуи мулоҳизот, ғоя, эътиқод, назарияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва эстетикиву фалсафӣ, арзиш ва ҳадафҳои муштарак сарчашма гирифта, мардумро дар меҳвари ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ ва аркони давлату давлатдорӣ муттаҳид месозад, беш аз пеш таваҷҷуҳ кунем. Зеро як дақиқа сукути идеологияи миллӣ ин пирӯзии абадии ҷаҳолат бар хирад аст.

Барои иҷрои муассири ин вазифаи муҳим мо — роҳбарони ниҳодҳои идеологӣ, аҳли зиё, адибону олимон ва кулли равшанфикрони ҷомеаро зарур аст, ки аввалан дар ниҳоди хеш  эҳсосу дарки ҳувият, садоқат ба Пешвои миллат, сидқан имон овардан ба рукнҳои давлатдориро тарбия ва тақвият бахшем, бо донишу ахлоқи миллӣ, фаҳми фарҳанги сиёсӣ, маърифатӣ, дунёдаркӣ ва суханшиносиву суханварӣ дар тарбияи ҷомеа бикӯшем. Зеро фақат сухани асил, андешаи солиму бикр аст, ки тафаккури аҳли ҷомеаро такон дода, дар шуури мардум модули назариявии тағйир ва такомул эҷод менамояд. Ибрози ҳарфу гуфтори пуч, умумигӯйӣ ва ҳисоботхонӣ ҷуз вақткушӣ ягон аҳамияти дигарро дар бар намегирад.

Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Худшиносӣ- ин маърифати ҳастии хеш ва огаҳӣ аз манзалату ҷойгоҳи худ дар олам аст, ки онро 3 унсури муҳимми нажодӣ: миллат, забон ва фарҳанг ташкил медиҳанд ва шакли мураккаби худшиносӣ, яъне «худшиносии миллӣ»-ро падид овардаанд. Худшиносӣ ва ҳувиятхоҳии миллӣ сароғози тамоми унсурҳои ташаккулбахши миллат унвон ёфта, сипаре дар муқобили зуҳуроти мураккабу нопайдоканори раванди ҷаҳонӣ шудан шумурда мешаванд. Дар ҷаҳони имрӯза падидаи ҷаҳонӣ шудан ва вусъати муборизаҳои мафкураӣ худшиносӣ, тафаккур, шуур ва ҳувияти миллиро зери таъсир қарор дода, боиси дар ҷомеа ба миён омадани буҳронҳои шадиди фарҳангӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва эътиқодӣ гардидааст.

Раҳоӣ аз ин буҳронҳо тақвияти тарбияи худшиносӣ ва шинохти асили ҳувияти миллиро талаб менамояд. Расидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ бе рӯ овардан ба омӯзиш, парвариш, эҳёву гиромидошти таъриху фарҳангу тамаддуни оламгири миллат, суннату анъанаҳои гузаштагон ва ифтихороти давлатдорӣ имконпазир нест. Зеро суннат ва анъанаи нек интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангии як насл ба насли дигар буда, таъминкунандаи устувории фарҳанг аст. Мавлоно дуруст фармудааст, ки «Ҳеҷ илме шарифтар аз илми худшиносӣ нест». Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳар қадами хешро дар такя бар аслу асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳо ва суннату анъанаҳои муқаддаси миллат бардорем ва бо ин роҳ худ намунаи олии пайравӣ барои насли нав гардем.

Тарғиби дониш ва ахлоқ

Авҷу камоли саодати ҳар ҷомеа бар пояи донишу ахлоқ устувор аст. Дониш омили муҳимми ташаккули ҷаҳонбинии инсон буда, муассиртарин  василае аст, ки башар тавассути он тамоми сахтиҳо ва душвориҳои зиндагиро паси сар менамояд. Ҷавҳари ҳастии инсон ақли солими ӯст. Инсони донишманд ҳеҷ гоҳ роҳи ифроту тафрит ва хатарро интихоб намекунад. Дар ҷое, ки дониш фармонраво аст, он ҷо ҳамеша пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, ҳақиқат бар ҳамоқат ва адолат бар разолат таъмин аст. Ин чароғи илму маърифат ва донишу хирад аст, ки роҳи рушду пешрафт ва ташаккулу таҳаввулро рӯшану мунаввар намуда, инсонро бар саодат, сурур, хушбахтӣ ва рифоҳу осоиш мерасонад.

Дар баробари илму дониш ахлоқ низ ҷавҳари арзишманде аст, ки инсонро ба олитарин камолоти худшиносӣ ва саодат мерасонад. Илму ахлоқ дар ҳастии мо бояд ҳамгом рушд кунанд, зеро дар сохтани инсони комил  ҳузури  яке  бе дигаре имконпазир нест. Аз ҳамин рӯ, дар ниҳоди хеш ва насли имрӯзу фардо маърифат кардани ин арзишҳои баландмақом рисолати виҷдонии мо аст.

Хонавода, мактаб ва ҷомеа – се муҳити тарбиягари инсон

Зеҳну идроки инсон танҳо дар сурати шинохти ҷойгоҳ ва ҳадафи офариниши хеш ба дараҷаи маърифати ҷаҳон мерасад. Фарҳанги ҳар мардум ба таълиму тарбия вобаста аст, яъне инсон дар раванди таълиму тарбия соҳиби маданият мешавад. Меъёри асосии тарбиятро хонавода, мактаб ва ҷомеа номидаанд. Муҳити хонавода макони муқаддасе аст, ки нақш ва масъулияти падару модарро дар тарбияи инсон мушаххас менамояд. Дар бораи нақш, аҳаммият ва таъсири ахлоқу адаби падару модар дар тарбияи фарзанд бузурге хеле хуб фармудааст: «Касоне, ки тавоноӣ ва қудрати наҷот додани башарро дар худ диданд, аввал дар наҷоти хеш кӯшиданд». Фалсафаи раднопазири ҳақиқати ҳаёт ҳамин аст, ки ҳар падару модаре, ки зоҳиру ботини хеш ва муҳити солими хонаводаро бо зевари меҳру ахлоқу маърифат оростаанд, аз онҳо фарзандони солеҳ ба воя расидаанд. Зеро ахлоқи волидон ба монанди қонуни ирсӣ ба фарзанд интиқол меёбад.

Аз эҳсоситарин ва муҳимтарин даврони таълиму тарбия даврони донишомӯзӣ аст, ки омӯзгор дар он нақши меҳварӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд чун намуна барои шогирдон соҳибмаърифат ва хушахлоқ бошад. Зеро андӯхтаву анбоштаҳои ақливу зеҳнии омӯзгор ақли кӯдаконро дар шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ менамояд.

Дар баробари хонавода ва мактаб ҷомеа низ барои тақвияти тафаккури солим ва фароҳам овардани фазои мусоиди ташаккули шахсият хидмат менамояд. Аз ин рӯ, зарур аст робитаи отифӣ миёни хонавода, мактаб ва ҷомеа тақвият ёбад.

Зиракии сиёсӣ – омили истеҳкомбахши ваҳдати миллӣ

Ҷаҳони пуртазод, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо, мавқеъгириҳои машкук, манфиатхоҳиҳои бешуурона, таҳмили ғояҳои ифротӣ, равнақу ривоҷи терроризму эктремизм, нақшбозиҳо ва мақсадҳои ғаразноки қувваҳои беруна ва дигар ҳаводиси тақдиршикани замон хатари асосӣ бар ваҳдати миллии мо буда, далеле аз номуайянии вазъи ҷаҳон ба шумор мераванд. Дар чунин шароит зиракии сиёсӣ ба сифати маҳаки асосии давлату давлатдорӣ ва омили истеҳкомбахши ваҳдати миллӣ дар  муқобили ин ҳама таҳаввулоти рӯзафзун қарор мегирад. Зиракии сиёсиро шарти аввали ташаккул ва бедору фаъол нигоҳ доштани ҳувият ва худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлолии давлат номидаанд. Бо дарки баланди зиракии сиёсӣ метавон ба равандҳо, таҳаввулот ва зуҳуроти замони муосир бо таҳлили амиқу дақиқ ва хулосаҳои мустанад баҳои ҳаққонӣ дод.

Натиҷа

Ин ҳама омилҳои муфид ва коромадтарин василаҳое, ки мо дар боло ишора ва шарҳу тафсир намудем, агар аз як тараф, роҳро барои коҳиши хатарҳои замони муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ кушоянд, аз ҷониби дигар ба ташаккули ҳувият, худшиносӣ, ифтихороти миллӣ, тақвияти пояҳои истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.

Бояд дар хотир дошт, ки миллат танҳо дар заминаи ваҳдат  ба саодат мерасад. Бинобар ин, агар мо дар рафъи ҳама гуна мушкилу хатар бо талоши созанда ва саъю кӯшиши қатъӣ дар канори сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу иттифоқ бошем, ҳеҷ неруе ва ҳеҷ бадхоҳе тавоноии муқобилият бо миллати воҳиду иттифоқи моро нахоҳад дошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram