РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад

5 майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзуи «Мирзо Турсунзода- шоири миллӣ ва шахсияти барҷастаи ҷаҳонӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ташкилкунандаи конференсия Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ба он донишмандону суханшиносон, адабиётшиносон ва муҳаққикону пажуҳишгарон даъват карда шудаанд.

Дар конференсия мавзуъҳои «Мирзо Турсунзода-вассофи сулҳу дӯстӣ», «Мақоми Мирзо Турсунзода дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик», «Мирзо Турсунзода-шоири ватандӯсту ватансаро», «Таблиғи андешаҳои миллӣ ва башардӯстон дар осори Мирзо Турсунзода», «Мирзо Турсунзода ва таъсирпазирию таъсиргузорӣ дар адабиёт», «Саҳми Мирзо Турсунзода дар густариши равобити адабии байни халқҳо», «Вижагиҳои луғавию услубӣ ва сарфию наҳвии осори Мирзо Турсунзода» ва ғайра баррасӣ мегарданд.

Бояд гуфт, ки Мирзо Турсунзода фарзанди бузурги халқи тоҷик буда, ҳамеша дар  васфи Ватан ва марзу буми аҷдодӣ шеър мегуфт.

Тавре Сарвари давлат иброз доштаанд, «муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram