Дар бораи кормандон ва барномаҳои радио

Дар радио  кормандони  таҷрибадор бо  ҳадафи дурандешона  гирд омадаанд, ки   хушқаламу фаъоланд ва ба истилоҳ имеҷи журналистӣ ва андешаву ҳарфи гуфтание доранд.

Дар муҳити эҷодии шабака  фазои солими кору фаъолият ба танзим  омадааст ва рӯз то рӯз  тарзи таҳияву пешниҳоди барномаҳо дар радио қабои дигар ба бар мекунанд ва  доираи шунавандаҳо аз қишрҳои гуногуни ҷомеа меафзояд.

Дар ин самт бевосита  заҳмату талош, ҷустуҷӯву тозакориҳо  ва нақши  рӯзноманигорони собиқадору варзидаи  шабака Алихон Зарифӣ, Хиромон Неъматзода, Салимзода Маҷид, Саодат Азораева, Бахтиёр Раҳмониён, Гулистон Каримова, Баҳринисои Муҳаммадҷон, Махфират Зарифӣ, Убайдулло Акрамзода, Инобати Икром, Файзиддин Қодиров, Ҳабибулло Урунбоев, Бунафша Идибекова, Фарзона Тоҳирова, Шамсия Зубайдӣ, Маликаи Аваз, Қутбия Икромӣ, Хайрӣ Аҳмадова, Маҳбубаи Саидзод, Ҳафизамоҳ  Талбакова, Низора Муродова, Умринисо Наҷмиддинова, роҳ бари гурӯҳи эҷодӣ  Ҷонибек Асрориён ва ҷамъи коргардонҳои соҳибкасб ба мисли Зубайдуллои Ҷоммаҳ мад, Мавҷигули Юсуф, Парвиз Воҳидов ва Даврон Соҳибзода, муназзимони овоз Барно ва Махфират Носироваҳо, Нигинаи Хайрулло шоистаи таҳсин аст.

Агар барномаи «Оинадори нур»  (муаллифи лоиҳа Ҷ.Асрориён) бо бахшҳои  «Рози чархи кабуд», «Андарзи пирони маърифат», Китобхонаи радиои «Фарҳанг»,  «Маслиҳати муфид» ва  «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар оғози рӯзи нав ба шунавандагон сафою  шодбошӣ ва фароғату болидарӯҳӣ ато фармояд, «Садои андеша»- (муҳаррири варзида Г.Каримова) бо мавзўҳои рўзмарра, таҳлилию маърифатӣ, мушкилоти ҷомеа  ва роҳҳои ҳалли онҳо, зимни мусоҳибаву суҳбатҳо бо масъулини дахлдор аз сохторҳои гуногун анҷом дода, шунавадаҳо ба садҳо суолҳои хеш дар робита ба мавзўъ аз меҳмонони барнома посух мегиранд.

«Фарханги рўз» (масуълон Ф. Қодиров ва И.Икром) бо баррасии  мавзўҳои  мубрами рӯз мекӯбад дари адешаи шунавандаи закитабъро. Тўли ҳафта  «Дорухонаи табиат» — (муҳаррири варзида Б.Маҷидова)   маълумоти густурда медиҳад атрофии гулу гиёҳҳои шифобахши диёр.

Барномаи тафреҳии «Ангубин» — муҳаррир ( У Акрамзода) касро водор месозад, ки ба қадру манзалати  забони давлатӣ ва адабии ҳозираи тоҷик  бирасад ва доир ба тозагии забону меъёрҳои он   биандешад.

«Иртибот» бо  бахшҳои «Ба  мо менависанд», «Дархост ва пешниҳод»  (масъул Ҷ.Асрориён) барномаи мустақим ба истилоҳ   мисли як мониторинг аст, ки аз робитаи шунаванда ба радио, таҳлил ва баҳои шунавандагон посух мегӯяд.

«Ёд доред? Ёд оред» (С. Азораева) барномаи фароғатӣ буда,  ёде аз ҳунармандони  зиндаёди тоҷик ва  муаррифии онҳо ба насли имрўзро дар бар дорад. Барнома  ба завқи шунавандаҳои солашон аз миён болобуда, созгор асту онҳ оро  ба худ ҷалб мекунад,  ба  мусиқии асили касбӣ ва садои  сарояндагони  мумтози диёр, чун  Акашариф Ҷӯраев, Маъруфхўҷа Баҳодуров, Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Муслима  Боқиева, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов, Барот Яхшиев, Муҳаббат Шамаева, Орифшо Орифов, Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Алиҷон Солиев ва дигарон пайвандию дилгармӣ доранд.

Дар зимн бояд зикр кард, ки барои таъмини фарогати комили  сомеъон  «Дастагули мусиқӣ»  аз ҳисоби  сарояндагони  солҳои 60-90 асри ХХ  ва ибтидои асри ХХI  рўзҳои истироҳатӣ ба мавҷ мебарояд.  Дар ин силсила суруду оҳангҳои  189 ҳунарманди  он овон ба рўйхат  ворид шуда, дар мавҷ пахш мегарданд.

Дар «Гулчини ашъор» аз эҷодиёти шоирони муосири тоҷик, бо қироати   муаллифон ба дилҳо шодию сурур мебахшад. То ин замон садои шоирони мумтоз Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Камол Насрулло, Гулназар Келдӣ, Меҳмон Бахтӣ, Раҳмат Назрӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Давлати Раҳмониён, Ато Мирхоҷа, Низом Қосим, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Сайдалӣ Маъмур, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Раҳ мат Назрӣ, Камол Насрулло, Мирзо Файзалӣ, Шоҳона, (дар маҷмўъ 74 кас) сабт шуданд.

«Фарҳанги мудирият» (муҳаррири варзида Г. Каримова), дар барнома иқтисодшинос –профессор, устоди ДМТ Таваралӣ Ғаниев роҷеъ ба масъалаҳои роҳбарӣ  дар менеҷменти муосир суҳбат меороянд, ки  аз ҳар нигоҳ  манфиатбахш аст.

Барномаи «Мусиқии ҷахон» ошноиест бо фаъолияти ҳунармандоне, ки дар густариши забони точикӣ–форсӣ саҳм доранд.

«Чаманистон»-(муҳаррир М. Салимзода ) мавзуҳои табиату ҳифзи муҳити зист ва қиссаҳои  олами ваҳшу тайрро ба самъи шунавандаҳо мерасонад.

«Маърифатафрӯз» (муҳаррир Бахтиёр Раҳмониён) минбари ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, ихтирокорону навоварон, рӯзноманигорону сарояндагон, варзишгарон ва муҳаққиқону олимони ҷавон, фаъолият, мушкилоту комёбиҳои ҷавонони саодатманди кишварро  мавриди барассӣ қарор медиҳад.

Барномаи адабӣ-фароғатии «Ганҷи шоҳвор» ( Л.Қурбонова) асрори жанри тарона ва таронасароёни дохилу  хориҷи кишварро   ифшо месозад.

«Радиоалбом» дар муаррифии эҷодиёти шуарои камшинохташуда  саҳм мегузорад.

«Ангезаҳои сабз» (муҳаррир А.Зарифӣ)  гуфтори силсилавӣ буда, аз  рӯи осори  адибони  забардасти олам, ки  сабзу  мондагоранд, таҳия гардида ба завқи алокамандони адабиёти ҷаҳон созгоранд.

Бархе аз ин барномаҳои мукаммале, ки ба меъёрҳои илми журналистика ҷавобгўянду хусусияти хазинавӣ  доранд, дар хазинаи тиллоӣ нигаҳдорӣ шуда, ба ин васила дар ғанӣ гардонидани  маводи бойгонии радио мусоидат намуда, тайи чандин даҳсолаҳо  фазои  фарҳангии кишварро бо ғизои солими маънавӣ  пур хоҳанд кард.

«Ватани мо Тоҷикистон» (муалифи лоиҳа ва масъул Ҷ Асрориён) минбари коршиносон, аҳли илму адаб олимон, фарҳангиён  ва шахсиятҳ ои шинохтаи кишвар буда, аз ҳар бобу дар ҳар масъала суҳбат меороянд. Барнома дар ҷаҷми ду соат мустақиман бо  бахшҳои  «Як доман гул», «Ватандор» ва «Сарои ноз» ба мавҷ мебарояд.

«Ҷилои хуршед» (муҳаррири варзида Б.Маҷидова) перомуни шахсиятҳои  арзандаи  дар қайди ҳаёт буда  нақл мекунаду «Хуршеди беғуруб» — (муҳаррири варзида Б.Маҷидова) ёде аз чеҳрахои монадгори арсаи адабиёт, илму фарҳангро дар худ дорад.

«Оини ватандорӣ» (муҳаррири варзида Б.Маҷидова) бо  мавзуъҳои худшиносӣ, ватанпарастӣ ва суҳбатҳои тахассусӣ бо шахсиятхои мумтози кишвар меҳри ватанро ба калбҳо ҷо мекунад.

«Пайванд» (И.Икром) аз ҳамкориҳ ои фарҳангии судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳ ои дигар матолиби ҷолибро матраҳ  месозад.

«Девони сабзи ёдҳо» (муҳ аррир Л.Қурбонова) китоби умру эҷод  ва корномаи ибратомўзи  ҳунарию эҷодии шахсиятҳои шаҳири соҳаи санъату фарҳанг: актёрон, режиссёрон, рассомон, драматургон ва арбобони адабиёту фархангро варақгардон месозад.

«Фарҳангоро»- (муҳаррир Бахтиёр Раҳмониён) барномаи тафреҳӣ бо фарогири бахшҳои «Тақлид», «Кӣ? Чӣ мехонад?», «Лабханд», «Дар омади гап», «Резааҷоибот», «Сурудро дар асл кӣ месарояд?» «Давом медиҳем», «Ёфтам» мустақиман руйи мавҷ баромада, сомеъон дар бахшҳои зеҳнию интелектуалӣ ширкат менамоянд. Иштирокчиёни фаъол унвони «Шунавандаи ҳафта»-ро дар Радиои «Фарҳанг» соҳиб гардида, ҳ амзамон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ  мегарданд.

«Фарҳанги завқ» (муҳаррир Бахтиёр Раҳмониён)  муҳимтарин масоили иҷтимоию фарҳ ангии ҷомеаро  ба риштаи таҳлил мекашад.

Дар барномаи «Пешниҳод ва хостаҳо» сурудҳои дархостии шунавандаҳо пахш мегардад.

Дар барномаи «Зарангора» (муҳаррири варзида А.Зарифӣ) рубоӣ  ва дубайтиҳои халқӣ, панду  андарз, суханҳои ҳикматнок ва дигар жанрҳои адабӣ, ки қиммати баланди эҷодӣ доранд, истифода мешаванд.

Вобаста ба қонуни миллии «Танзими анъана ва ҷашну маросими мардумӣ»  ҳар ҳафта барномаи «Маросими мардумӣ» (муҳаррир  Б.Идибекова) инъикоси танзими расму оинҳои миллиро бо масъулони соҳа аз шаҳру ноҳияҳоро дар бар мегирад.

«Қиёми рӯҳ»- (Лутфия Қурбонова) барномаи  фарҳангӣ–фароғатӣ  буда, мавзӯҳои вобастаи театрро баррасӣ намуда,  суҳбатҳои тахассусӣ  бо драматургон, мунаққидон, театршиносон, коргардонҳо, рассомон,  ороишгарони   саҳна ва дигар паҳлӯ чеҳракушоии  ҳунармандони муваффақи театрӣ  ва инъикоси ҳама  фестивалу ҷашнвораҳои ҳунарист.

«Матонат»- (муҳаррир Бахтиёр Раҳмониён) бо бахшҳ ои «Ахбори низомии Тоҷикистон ва ҷаҳон», «Фарҳанги лашкардорӣ», «Афсар» ва «Лутфи сарбозӣ» аз дунёи сарбозони тоҷик қисса намуда, иттилооти тозаю саривақтӣ ва  таърихию низомиро фарогир аст.

«Нашъаи азал» (Лутфия Қурбонова) барномаи адабӣ, суҳбату мусоҳибаҳо бо аъзои ИНТ, муҳаққиқон, адабиётшиносон атрофи масъалаҳои ҷойдоштаи соҳаро дар бар гирифта, комёбию пешравиҳо, мушкилоту дурнамои адабиёти назмию насрӣ ва адабиёти бачагонаро  бо ҷалби масъулони соҳа ифшо месозад.

«Дунёи синамо» (Файзиддин Қодирова) навгониву мушкилоти синамогарони тоҷикро бозгӯ менамояд.

«Машъал» (муҳаррир Б.Идибекова) перомуни масоили мактабу маъориф тахия мешавад.

«Сад ранги чаман» (Хиромон Неъматзода)  инъикосгари   вазъи боғҳои фарҳангӣ–фароғатӣ ва навъҳои гуногуни  гулу гиёҳои кишварро муаррифӣ месозад.

«Марворид» — (муҳаррир У.Акрамзода) аз  мавзӯҳои фарҳанги миллӣ, таърих, дастовардҳои истиқлол суҳбат бо шахсиятҳои шинохтаи миллат пешниҳоди шунавандагон мегардад.

«Хони алвон» (масъул  М.Зарифӣ) ба матбахи миллӣ бахшида шуда, эҳёи таъомҳои миллии  аз байн рафташударо ба дӯш  дорад.

Дар «Ҷамъбасти ҳафта» муҳимтарин навиду хабарҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва хабарҳои фарҳангии саросари олам  пахш мегардад.

Барномаи озмунии «Пайрав», «Пайки баҳор», Радиомарафон вобаста ба ҷашни байналмиллалии Наврўз,  «Рӯзи Модар», Меҳргон, Шаби ялдо, Садда   барномаҳои калонҳаҷми пурмӯҳтаво доир ба иду ҷашнҳои тақвимӣ  буда, ролику ҷинглҳои шавқовар вобаста ба ҳама идҳои бошукӯҳи давлатӣ ва муаррифии  шабакаи «Фарҳанг» бо  садои ровиёни хушсадо  таҳия  мешаванд.

Озмуни «Пайрав» ба ёди ҳунармандони мумтоз Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов ва Дӯстмурод Алиев аз моҳи январ то ноябри соли 2015 бештар аз 200 нафар пайравони  сабки абармардонро гирд овард. Озмун дар нишон додани  сабк ва равияи  хоси ҳунармандони  маъруф  саҳми беандоза дошт. Суҳбатҳои  алоҳидаи пайравон  ва меҳру пайванди  ба осори пешиниёнро муқаррар намуд, ки аз ҷониби  шунавандаҳо хуш пазируфта шуд.

«Фарҳанги сахо» бахшида ба ҷашни байналмиллали  Наврўз (23.03.18) 8 соат мустақиман пахш гардида, ки  ҳаводорони  зиёдеро  гирд овард. Маводи ғуншуда  аз китобу қаламу дафтар ба муҳасилини  гимназияи-интернатҳои шаҳ ри Душанбе супорида шуд. Ҳамзамон, аз саховати ВКД Рамазон Раҳизода се тан; Раҳматов Бобо (ш.Истаравшан), Раҷабов Нурмаҳмад (н.Бохтар)  ва Иброҳимова Сабрина (н.Синои) соҳиби аробачаҳо гардиданд.

Барномаи пурмўҳтавои «Чилла-тавлиди офтоб» (20.12.2019) бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар У.Раҷабов, Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҷамшед Исмоилов, Чилахон Холов, Афзалшоҳ Шодиев, фолклоршинос Дилшод Раҳимов, Абдулффатоҳ  Аминов ва дигарон 4 соат пахш гардид.

Радио-марафони «Сада-гаҳворабандони хуршед», ки донишмандони мамлакат Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, Р.Маҳмадшоев, Р.Шарифзода, С.Муллоҷонов, З.Акрамӣ, С.Қурбоналиро фаро гирифт, ҳаводорони зиёдро дарёфт.Таърихнигорон донишмандони огоҳу хушманд   аз ҳар паҳлӯ, ҳам аз нигоҳи таърихӣ, илмӣ ва ривоятҳои халқӣ ин ҷашни аҷдодиро шарҳу тавзеҳ  доданд, ки барои ҳар соҳибватан дарси худшиносию худогоҳии миллӣ ба шумор меравад.

Як самти дигари  фаъолияти шабакаи «Фарҳанг» гирдоварӣ ва хониши осори бадеӣ дар шакли ҳикоя, роман, қиссаҳои омӯзанда ва китобҳои бадеӣ, илмӣ   таҳти унвони «Тозаангорҳо», «Ин заминро арҷ аз арш аст», «Шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон»  бо ҷалби ровиёни хушлаҳн  таҳияву пешниҳоди шунавандагон гардонидан аст.

Дар ин бахш  китоби «Шашмақом ва таърихи он»- и донишманди тоҷик Аслиддин Низом  21 гуфтор, 30-дақиқагӣ дар қироати муаллиф, романи «Шинак» нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С . Айнӣ Ю.Юсуфӣ, 28 гуфтори 30 –дақиқагӣ,  дар қироати устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар, «Мусулмонон: таърихи воқеӣ, инкишоф ва таназзул»- и донишманд ва ходими давлатӣ  Давлаталӣ Давлатзода 31 гуфтор, ровӣ  муаллиф, китоби «Таърихи Байҳ акӣ»-и Хоҷа Абулфазл ибни Ҳусайни Байҳақӣ 85 гуфтор бо садои устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми таърих Сайфулло Мулоҷонов, «Ҳикмати озодагон»- и Назри Яздон,  60    гуфтор дар ҳаҷми 30-дақиқа дар қироати Ҷ. Асрориён, «Рангҳ о»-и  Абдулқ одири  Раҳим  дар қироати муаллиф , «Бозгашти падар»- и Умар Сафар  9 гуфтор, «Садое аз хилват» 11 гуфтор, дар қироати муаллиф. «Ашки сари миҷгон»-и Абдулқодири Раҳим 11 гуфтор,  дар қироати муаллиф «Шоҳ корихои адабиёти ҷаҳон» аз  рўи романи «Бегона»-и Албер Камю, аз  рўи романи «Буфи кўр»-и Содиқ  Ҳидоят 14 гуфтор, «Мартин Иден»- (Ҷ.Лондон) , шарҳи  «Маснавии маънавӣ» дар таҳқики Карим Замонӣ дар қироати   Абдуҷалили Амон, «Зиндагиномаи Бедил»-и Бобобек Раҳимӣ  44-гуфтор ровӣ Ҷ.Асрориён ва зиёда аз 30  ҳикояҳои гуногунҳаҷми баландмазмун  ва ҷолиби нависандагони муосири тоҷик  таҳти номи «Тозаангорҳо» вориди бойгонии радио гардиданд.

Зери рубрикаи «Гулчини ашъор», «Дафтари назм» ва «Шафақи ранг» (муаллифи лоиҳаҳо Ҷ. Асрориён) ҷам овардани беҳтарин осори  назмии гуногунмавзӯъ  дар қироати муаллифон, беш аз сад  шоири баркамолу ҷавон таҳияву садо медиҳанд, ки барои рангорангии барномаҳои рӯзмара, ҳамчунин бо ғизои солими маънавӣ таъмин кардани омма ва ҷилои тоза бахшидан ба  маводҳои хазинавӣ беҳ амто буда, дар рушду нумӯи соҳа ҷойи хоси худро дорад.

Дар рангорангию мазмуни тоза бахшидани гуфторҳои радио накши  китобҳои гўё низ боиси зикр  аст, ки дар ин бахш китоби «Забон ҳастии миллат»-  и Эмомалӣ Раҳмон , китоби адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода тахти унвони «Офтоб омад далели офтоб», «Вақоенома»-и Аспанзод», «Гурғулӣ»-ю чанде дигар мақоми намоён  доранд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *