РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

КДАМ: Вазъ дар сарҳад бо Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад

Кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад. Дар ин бора ба аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», — омадааст дар иттилоия.

Ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад.

Маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хати сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд.

Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram