22 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар қолаби «С5+1» баргузор гардид, ки дар он Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд.