РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Иқтидори истеҳсоли энергияи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб зиёд мегардад

​22 сентябри соли равон дар идораи ҶСК «Помир Энержи»-и шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализод Баҳодур Аҳмадҷон маросими ботантанаи имзои ёддошти тафоҳум байни ҶСК «Помир Энержи» ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба бунёди иқтидори иловагии нерӯгоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб баргузор гардид. Расондани иқтидори захиравии нерӯгоҳи мазкур аз 200 кВт то 500 кВ ва расонидани иқтидори умумии истеҳсоли қувваи офтобии барқ дар ноҳия аз 1000 кВ ба 1500 кВ дар назар аст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

​Ба иттилои манбаъ, Зимни вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои кунунӣ табодули афкор сурат гирифта, раиси Кумита дар назди ҳозирин аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии ноҳияи Мурғоб, амалигардони лоиҳаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади муҳофизати намудҳои ҳайвоноти нодири ҳудуди вилоят, тадбирҳои доимӣ андешида шуда истодаанд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода мешавад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зараровар ба вуҷуд намеорад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби директори генералии ҶСК «Помир Энержи» Амирхон Раимов ва директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Питер Райли ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram