РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Собиқадорони ҷангу меҳнат гирди ҳам омаданд

Айни замон дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати ҶТ Пленуми 2-юми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ ҷараён дорад.

Дар он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода, намояндагон аз сафоратҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ Раҳматҷон Қудратов, аъзоёни шӯро ва дигар ашхоси масъул ширкат доранд.

Мутобиқи рӯзномаи пленум Шӯрои собиқадорон қарор «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ», » Дар бораи 35-солагии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ», «Дар бораи ҳамкориии шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Зафарободи в. Суғд, ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо оид ба тақвияти корҳои оммавӣ, тарбиявӣ ва мусоидат ба ҳифзи иҷтимоии собиқадорон» ва «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ оид ба омодагӣ ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» қабул мегардад.

Дар пленум доир ба мавзӯъҳои баррасишаванда гузоришҳо шунида шуда, ироаи маърӯзаҳо дар бораи фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ дар назар аст.

Самандарзода Парвина

радиои «Тоҷикистон»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram