РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: «Офтобе дар миёни сояе»

Нашриёти «АДИБ» -и вазорати фарҳанги ҶТ. ба ифтихор ва истиқболи ҷашни «РӯЗИ Мавлоно», ки 30-юми сентябри соли ҷорӣ муқаррар шудааст, шарҳи мухтасари муҳимтарини мавзуъҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро бо унвони «ОФТОБЕ ДАР МИЁНИ СОЯЕ» ба табъ расонд. Дар ин бора шоири тоҷик Давлат Сафар дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

«Офтобе дар миёни сояе» маҳсули таҳқиқи шоири тоҷик Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ мебошад. Китоби мазкур назари мӯшикофона ва ковишҳои тозаи муҳаққиқист. Асар ба ҳаводорони шеъри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram