Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарбозону афсаронеро, ки дар муноқишаҳои ахири марзӣ захм бардошта буданд, аёдат намуданд.
Нахуст дар Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ аёдат карда шуда, зимни суҳбат бо онҳо таъкид гардид, ки қаҳрамониву ҷоннисориҳои чунин фарзандони шуҷои Ватан аст, ки амнияти давлату миллат таъмин аст. Ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи ҷонии ҳар як ҷавонмард буда, талошу пайкор ва заҳмату азхудгузаштагиҳои афсарону сарбозони далер моро итминон мебахшад, ки ба сӯи фардои дурахшон қадамҳои устувор гузорем.
Сипас, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд низ сарбозону афсаронро аёдат намуданд. Зимни аёдат иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати захмбардоштагон доруворӣ ва хуроку маводи зарурӣ дастрас гардида, кормандони беҳтарини соҳаи тиб ҷалб гардидаанд.
Дар зимн афсарону сарбозон изҳор доштанд, ки ҳамеша барои муҳофизати марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол омода буда, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки пойи нохалафе ба сарзамини мо бирасад.