Миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳои кишвар бо Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон дар муддати наздиктарин барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони сатҳи баланд дар бахшҳои баҳри тарафҳо манфиатбахш Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо Ректори Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Сайфулло Ахмедов мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Ректори Академияи навтаъсис иброз дошт, ки муассисаи олии таълимӣ бо мусоидати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон ташкил шуда, дар Осиёи марказӣ нахустин ба шумор меравад.
Дар бахшҳои Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Узбекистон тамоми самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ ба донишҷӯён дар муддати чор сол омӯзонида мешаванд.