РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Нурсултон Назарбоев бо таманниёти сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва комёбиҳои навин Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Дар ин зимн Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон саҳми босазои Пешвои миллатро дар барқарорӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон, таъмини рушди пойдор ва боло бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.

Дар баробари таъкиди анъанаҳои пурифтихори муносибатҳои нек ва дӯстии  мардумони ду кишвар, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди босуръати ҳамкориҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram