РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Россия ҳамкориро оид ба масоили ғизо густариш медиҳанд

3 октябри соли равон гурӯҳи корӣ бо директори Муассисаи давлатии Федералии маркази илмию тадқиқотии ғизо, биотехнологияи ва бехатарии махсулоти хурокаи Федератсияи Россия академик Никитюк Д.Б, сардиетологи Федератсияи Россия академик Тутельян В.А ва ҳайати профессорону мутахассисон вохӯрӣ намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ карор доданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат хабар доданд.

Масъалаҳои ташкили ғизои аҳолӣ яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати мамлакат буда, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қабул гардидани 2 қонун, 2 стратегия, 3 барнома ва 1 нақшаи сатҳи миллӣ гувоҳи муҳим будани масъалаи мазкур мебошад.

Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кориро таҳти роҳбарии директори МД «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо» Шарипов А.С., барои табодули таҷриба, бастани шартномаи ҳамкорӣ ва гузаштани курси махсуси омузишӣ дар масъалаҳои ғизо (диетология) аз 02.10.2022 сол ба Федератсияи Россия сафарбар намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram