РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзноманигори Ўзбекистон ба Тоҷикистон меоянд

7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошкент Меморандуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Ўзбекистон ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд. Дар ин бора аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 12 то 16 октябр ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Ўзбекистон бо сарварии раиси он Олимҷон Усаров меҳмони Тоҷикистон мегарданд. Сафари ҳайати бонуфузи Иттифоқи журналистони Ўзбекистон аз вилояти Суғд оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода, Нораку Данғара ва Панҷакент идома меёбад. Ҳамкасбони мо дар доираи ин сафар бо дастовардҳои кишвари мо дар солҳои истиқлоли давлатӣ ошно гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд.

Рўзи аввали сафар дар вилояти Суғд меҳмонон аз Кохи матбуот ва идораи телевизиион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот мекунанд. Сипас онҳо ба минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, бо корхонаҳои нави саноатӣ ошно мегарданд. Инчунин журналистони ўзбекистонӣ ба шаҳри Гулистон сафар мекунанд ва бо навгониҳои шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” шинос мешаванд.

Дар баробари силсилаи дидору боздидҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурии мо журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Ўзбекистон, ки то 16 октябр идома меёбад, бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбеву Турсунзода амалӣ мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram