Ҳамасола, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 — уми октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибат Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки рӯзи 15 — уми октябри соли 2022 соати 18:00 бахшида ба «Рӯзи кинои тоҷик» бо иштироки собиқадорони соҳа, мутахассисон, киношиносону зиёиён, намояндагони васоити ахбори омма ва ходимони давлатию сиёсӣ дар кинотеатри «Ватан» чорабинии фарҳангӣ баргузор намояд. Дар ин бора аз «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар он муаррифии маҷмӯаи тиллоии кинои тоҷик ва қадрдонии собиқадорону синамонигорони ватанӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» манзури ҳаводорони синамо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки «Додараки фариштаҳо» филми бадеии кӯтоҳи истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» буда, аз рӯи асари нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯи навор омадааст. Филм дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва Синамоҷашнвораи байналмилалии «Адабиёт ва кино» — и шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардидааст.
Ба гуфтаи манбаъ, иштирок дар ин чорабинӣ тавассути даъватнома сурат мегирад.