13 октябри соли ҷорӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба ҷашнҳои милливу куҳан дар саҳни Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ҷашни Меҳргон ботантана таҷлил карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷашнвора намоиши маҳсулотҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои гуногуни тухмии зироатҳо, техникаҳои соҳавӣ аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯёни коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ ва литсейи касбии техникӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар ҷашнвора ширкат варзида, сокинони сарбаланди Истаравшани бостониро бо ҷашни мазкур, ки аз фарҳангии миллати тоҷик сарчашма мегирад.
Зикр дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷик мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳанг марбут аст.
Таъкид шуд, ки ҷашни имсолаи Меҳргон дар остонаи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад ва ба ин муносибат озмунҳои эълонгардида дар соҳаи кишоварзӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон аз руи номинатсияҳои «кишоварзи беҳтарин», «ангурпарвари беҳтарин», «чорводори беҳтарин», «хоҷагии деҳқонии беҳтарин», «пиллапарвари беҳтарин», «ғаллакори беҳтарин», «картошкапарвари беҳтарин», «асалпарвари беҳтарин» муайян ва қадршиносӣ карда шуданд.
Дар фарҷом баҳри болидахотирии сокинон ва кишоварзон барномаи консертӣ ва намоиши театрикунонидашуда ташкил карда шуда, ҷашни Меҳргонро сокинони шаҳри бостонии Истаравшан бо хушнудӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.