Тавре қалбан хабар дода будем, ҳунармандонии Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо сафари ҳунари дар шаҳри Панҷакент қарор доранд.
Ин сафар ҳунармандони театр ба Панҷакент намоишномаи “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-ро, ки ба қалами адиби ӯзбекистонӣ Хурсанд Холиқов тааллуқ дорад ва онро саркоргардони театр, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов тарҷума намуда, ба саҳна гузоштааст, намоиш доданд.
Намоишномаи мазкур, ки дар он Ҳунарманди халқии Ҷумҳурӣ Асалбек Назриев, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурӣ Ортиқ Қодиров нақши асосӣ ва дигар актёрони театр нақш офаридаанд, бозгӯкунандаи мавзуи муҳимми рӯз- коста шудани робитаи хонаводагӣ, дар чор гӯшаи ҷаҳон паҳну парешон шудани фарзандон, аз меҳру шафқати волидон дур мондани онҳо дар қолаби мазҳака пешкаши тамошобинон карда шудааст. Дар зери ин қолаб бошад, фоҷеаи замони пуртаҳлукаи мо – коста шудани меҳри фарзандон ба волидон, нуҳуфтааст. Онро ҳунармандони театр бо камоли маҳорат нишон дода тавонистаанд.
Баъди анҷоми намоишнома раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба ҳунармандони театр барои таҳияи ин намоишномаи ҷолиб ва пешкаши он ба сокинони шаҳр изҳори сипос намуд ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим кард. Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо шаҳри Панҷакент минбаъд густариш хоҳад ёфт.
Директори театр, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов ва Ортиқи Қодир барои пазироии гарм, таваҷҷӯҳи сокинони шаҳр ба намоишномаи театрӣ, рафтору одоби намунавии онҳо изҳори сипос намуданд.
Зимнан, намоишномаи дигари театр – “Ду аҷузакампир” дар тарҷума ва таҳияи саркоргардони театр Султон Усмонов, ки барои бачаҳо пешбинӣ шудааст, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо муваффақият идома дорад ва наврасон онро бо шавқу шӯр пазироӣ ва тамошо мекунанд.
Сафари ҳунарии театр ба шаҳри Панҷакент то 18 октябр идома меёбад.