Дар муассисаҳо омодагиҳо ба қабули иштирокчиёни 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, тамринҳо вобаста ба номинаҳо идома доранд.
Субҳи 15 октябр дар меҳмонхонаи «Серена» тибқи барнома номинаи сурудҳои эстрадӣ баргузор шуд.
Айни замон иштирокчиёни синну соли 14-25 сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Узбекистон тариқи қурапартоӣ ширкат меварзанд.
Дар ин номинатсия 21 нафар иштирокчиён аз ҷавонони кишварҳои узви ИДМ иштирок менамоянд.