Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ва Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаҳои кишоварзӣ ва Иди асал таҷлил шуд. Дар ин бора хабарнигори мо аз макони баргузории чорабинӣ хабар дод.
Дар ҷашнгоҳ деҳқонони мамлакат аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни зироат, сабзавот ва меваҷотро бо нархҳои дастрас пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, ҳунармандони мардумӣ осори дасти хешро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз кишоварзони фаъоли мамлакат, ки соли равон нишондиҳандаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд, бо туҳфаҳои молию пулӣ ва «Диплом»-у «Ифтихорнома»-ҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар ин ҷашн намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва фаъолони вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, он мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».