РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бозиҳои байналмилалии Делфӣ: Баргузории номинаи “Созҳои нафасӣ” дар ДДФСТ

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи баргузории Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе аз рӯи номинаи “Созҳои нафасӣ” иштирокчиён баромад карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарщанги мамлакат хабар доданд.

Ҳайати ҳакамон дар ин номина, санъатшиносони варзида Гараюсифли Азиз Яшарович (Раиси ҳакамон) аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Друтин Леонид Борисович аз Федератсияи Руссия ва Тиллоев Далер Самадович аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунарнамоии иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.

Иштирпокчиёни номина дар ду давр, аз рӯи синни соли аз 14 то 17 сола ва аз 18 то 25 сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, ва Узбекистон баромад карданд.

Дар номинаи “Созҳои нафасӣ” иштирокчиён бо маҳорати баланди эҷодӣ ҳунарнамоӣ карда, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Савдаршоева Савсан, Ҷумҳурии Узбекистон Турсунқулов Авазбек ва Уктамов Шоҳрух, Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтиҷонқизи Еркинҷон, Муратов Алмаз ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми номина имрӯз 17 октябр дар донишкада доир мегардад ва аз натиҷааш дар гузориши оянда хабар хоҳем дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram