РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бозиҳои байналмилалии Делфӣ: номинаи «Рақси халқӣ» ҷамъбаст гардид

17 октябр дар доираи чорабиниҳои 16-умин Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ дар Театри давлатии акедемии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ номинаи «Рақси халқӣ» ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон дар номинаи мазкур аз синну соли аз 14 то 21 ансамбли «Ералаш»-и Федератсияи Руссия сазовори ҷойи аввал ва медали тило, чойи дуввум ва медали нуқра ба ансамбли Кафедраи хореографии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Беларуси Ҷумҳурии Беларус, ҷойи севум ва медали биринҷӣ ба гурӯҳи рақсии «Малика»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собироваи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуданд.

Бо Дипломии махсус барои сатҳи баланди кори педагогӣ ансамбли рақсҳои халқӣ «Сибирские узори», Дипломи махсус барои тарғиби анъанаҳои рақси миллӣ ансамбли «Бунафша»-Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Дар номинаи «Рақси халқӣ» аз синну соли 10 то 13 ҷойи аввал ва медали тило ба ансамбли рақсии бачагонаи «Зебо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуввум ва медали нуқра ба ансамбли «Улибка»-и Федератсияи Руссия, ҷойи севум ва медали биринҷӣ ба ансамбли «Дурдона» — Ҷумҳурии Узбекистон сазовор гардид.

Дипломи махсус Барои тарғиби анъанаҳои рақси халқӣ насиби ансамбли «Меҳрона»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram