РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пазироии рӯзноманигорони Ӯзбекистон дар шаҳри Панҷакент

Дар заминаи сиёсати ҳамҷавории шоиста ва робитаҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бо даъвати Созмони рӯноманигорони Тоҷикистон як гурӯҳ рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯбекистон давоми як ҳафта дар Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳама минтақаҳои мамлакати мо боздид намуданд.

16 октябр рӯзноманигорони нашрияҳои бонуфузи чопӣ ва электронии ҷумҳурии ҳамсоя аз Панҷакент низ боздид ба амал оварданд.

Дар деҳаи Рукнобод- маркази Ҷамоати деҳоти Ворӯ, меҳмононро муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ бо намояндагони Созмони рӯзноманигорон дар вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, санъаткорони шаҳр бо нону намак ва шеъру мусиқӣ пазироӣ намуданд.

Дар ин рӯз меҳмонон оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар деҳаи Панҷруд зиёрат карда, аз шаҳраки бостонии Саразм дидан намуданд. Ҳангоми боздид ба рӯзноманигорони ӯзбек дар бораи таърихи ғановатманди Панҷакент, ёдгориҳои беназири таърихӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, дастовардҳои он дар даврони истиқлол, рушди иқтисод ва иҷтимоиёти он маълумот дода шуд.

Дар бостоншаҳри Саразм меҳмононро аз номи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муовини аввали раиси шаҳр Муҳаммадсодир Сафарзода ба Панҷакент хайра мақдам гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон, раиси Созмони рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Умаров таасуроташро аз ин боздид ва пазироии самимонаи мизбонон хеле арзишманд маънидод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки ба тавассути сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои гуногунҷабҳаи мо тақвият меёбад ва ҳайати онҳо аз диду боздидҳояшон аз Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакент, ба хонандагону тамошобинони Ӯзбекистон нақл мекунанд ва ин ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди кишварҳо ва халқҳоямон мусоидат хоҳад кард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram