РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои бузурги олмонӣ мулоқот намуд

Дар шаҳри Берлин 3-юмин Форуми кишварҳои ҳавзаи Хазар ва Аврупо таҳти унвони “Амният, иқтисод ва пайвастшавӣ ба минтақаи Хазар” баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ намояндагони давлатҳои ҳавзаи Хазар, Осиёи Марказӣ,  роҳбарони ширкатҳои бузурги олмонӣ, палатаҳои савдо ва саноат, ҳамчунин доираи васеи соҳибкорону сармоягузорон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок доштанд.

Мавзӯъҳои асосии форум тақвияти шарикии стратегӣ байни Аврупо ва кишварҳои минтақаи Хазар, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, тавсеаи ҳамкориҳо барои рушди устувор, нерӯи таҷдидпазир, амнияти озуқаворӣ ва тандурустӣ маҳсуб ёфтанд.

Дар ҳошияи ин нишаст вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Раиси Форуми кишварҳои ҳавзаи Хазар Райнер Линднер, муовини раис Надер Малики, ҳамчунин бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи саноатӣ, тиҷоратӣ, логистикӣ ва сармоягузорӣ доир шуд.

Зимни суҳбат тарафҳо вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд ибрози андеша намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram