РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, № АП-156 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўёни муассисаҳои тањсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар барои соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад.

Имрӯз, 17 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абуллозода Зиёдулло Назар, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси хакамони озмун Муртазо Зайниддинзода ва сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ масъулин қайд намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Озмун аз рўйи панҷ номинатсия баргузор мешавад:

— адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;

— адабиёти классикии тоҷик;

— адабиёти муосири тоҷик;

— адабиёти ҷаҳон;

— эҷоди назму наср.

Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

— хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);

— хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);

— донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;

— омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.

Гуфтан ба маврид аст, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии озмун барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) роҳхат мегиранд.

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нимаи якуми моҳи декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram