РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Консули генералии Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Бошқирдистон мулоқот намуд

18 октябри соли 2022 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Раҳимов Темур Одинаевич бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон Шафикова Амина Ивниевна баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия ва роҳандозии минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Бошқирдистон табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба масъалаҳои тадорукотӣ ва ташрифотиро дар мавриди баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистон, ки рӯзҳои 25-27 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад арзёбӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram