РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Раванди Душанбе»: Он имкон медиҳад, ки роҳҳои мубориза ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати фаромарзии террористон муайян гардад

18 октябри соли 2022 дар шаҳри ДушанбеКонфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” кори худро оғоз намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешгирии интиқоли ҷангҷӯёни террорист, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.”

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми видеоӣ изҳор дошт, ки таҳдидҳои фаромарзӣ, аз қабили терроризм роҳҳалҳои ҳамоҳангшуда ва ҳамкории бисёрҷонибаро тақозо мекунанд.” Ҳамчунин илова гардид, ки “онҳо моро водор месозанд, ки ба таври дастаҷамъона амиқтар таҳқиқ намоем, то сабабҳо ва гиламандиҳои аслиро, ки барои тундгароӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд, дарк созем ва ҳалли онҳоро дарёфт намоем.”

Хонум Ҳелга Мария Шмидт дар паёми видеоии худ чунин иброз дошт: “Дар солҳои охир хавфҳои фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ ба таври фазоянда печидатар шуда, мушкилотро бо суръати ҳайратовар афзоиш медиҳанд. Ҳеҷ як давлат наметавонад бо чолишҳо, ба мисли ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм ё қочоқи ғайриқонунии маводди мухаддир мубориза барад. Ҳамкории бештар ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ ҳатмӣ ба шумор меравад.”

“Мудирияти ҳамаҷониба ва ҳамгирошудаи сарҳад ба хотири пешгирӣ ва муқобила бо таҳдиди терроризм муҳим аст. Барои мубориза бо терроризм таъсиси як абзори қавии бисёрҷониба дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид аҳаммиятнок боқӣ мемонад. Ҳамчун ҳамраиси Форуми ҷаҳонии муқовимат ба терроризм, Иттиҳоди Аврупо омодааст, то таҷриба ва равиши худро, ки ба қонунҳои ҳуқуқи инсон, башардӯстона ва паноҳандагон мувофиқ аст, мубодила намояд.” – гуфт Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ ҷаноби Ҷозеп Боррелл.

В. Воронков илова намуд, ки: “Муқовимат ва пешгирии терроризм кори мураккаб аст, аммо агар ба таври муштарак чораандешӣ намоем, муваффақ хоҳем шуд. Конфронси мазкур ба мо имкон медиҳад, ки дар бораи мушкилоти мавҷуда мулоҳиза ронем, роҳҳои ҳалли онро муайян кунем ва масиреро барои таҳкими ҳамкориҳоямон дар мубориза бо терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати фаромарзии террористон дарёфт намоем.”

Ҳадафи Конфронс тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ба мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист, муомилоти ғайриқонунии аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ, маводди таркандаи муқаррарӣ ва дигар муҳимоти ҷангӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин дар Конфронс масъалаҳои татбиқи тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон баррасӣ мегарданд.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии сатҳи баланд зиёда аз 900 иштирокчӣ, ба шумули вазирон ва дигар шахсони расмии кишварҳои аъзои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат намуданд.

Нишасти дурӯзаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил гардид.

Конфронс ҷузъи таркибии “Раванди Душанбе” ба шумор меравад, ки соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, роҳандозӣ шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram