Шаби гузашта бориши барфу борон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 — 160 баландии барф зиёд гардид. Дар айни ҳол бинобар бориши пуршиддати борону барф дар роҳи Душанбе — Чаноқ резиши сангпора ва омадани сел хеле зиёд аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кормандони филиали Ширкат аз тамоми имконият истифода бурда истодаанд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин аст.
Масъулини ширкат бо арзи эҳтиром аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бодиққат бошанд ва тавсияҳои кормандони ширкатро ба назар гиранд, то ҳаёту худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.