17 октябри соли 2022 дар Теҳрон дидори сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар якҷоягӣ бо сафири Подшоҳии Нидерланд Франк Моллен бо мудири кулли идораи умури ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Беҳзод Собирии Ансорӣ баргузор шуд.
Зимни мулоқот роҷеъ ба баргузории Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд сурат мегирад, табодули афкор сурат гирифт.
Дар ин замина ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об муҳим дониста шуданд.