19 октябр Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд. Дар ин хусус аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба меҳмонон таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Кушониён”, “Аҷинатеппа”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Сиккаҳо” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд. Ба ин восита, меҳмонон бо таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон Юлдошев Нигматилла Тулкинович аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.