РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Хатлон: истеҳсоли чипс аз хурмо ба роҳ монда шуд

Дар Кооперативи истеҳсолии «Беҳбудӣ»-и ноҳияҳои Кӯшониён аз меваи хурмо чипси хушсифат истеҳсол менамоянд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бори нахуст аз хурмо чипс истеҳсол карда мешавад. Дар назар аст, ки чипси хурмо ба бозорҳои истеъмолии мамлакат ва хориҷи кишвар дастрас гардад. Зеро он бо таъм ва сифати хуби худ фарқ мекунад.

Дар айни замон дар Тоҷикистон фасли ҷамъовари хурмо ҷараён дорад. Хурмо дар таркиби худ витаминҳои A, C ва P, микроэлементҳо, қанд, сафедаҳо, кислотаи лимӯӣ ва дигар моддаҳои биологии фаъол дорад. Агар меваи пухтаи хурморо дар ҷойи муътадил нигоҳ доред, то 4-5 моҳ хусусияти худро гум намекунад. Хоку иқлими Тоҷикистон барои парвариши хурмо мусоид буда, солҳои охир хурмопарварӣ хеле вусъат ёфтааст.

Солҳои охир дар Тоҷикистон хушконидани мева ва истеҳсоли чипс аз меваҳо низ ба роҳ монда шудааст.

7 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз се корхонаи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваҳои Бадахшон»-ро ба истифода доданд. Самти асосии фаъолияти ин корхона коркард ва банду басти меваю сабзавот ва истеҳсоли чипс буда, маҳсулоти ниҳоӣ баробари таъмини бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Инчунин дар ин корхона дар марҳилаи аввал 9 навъи маҳсулот, аз ҷумла 4 намуди чипс аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себ ва 5 намуди маҳусулоти серғизою болаззат аз мева истеҳсол карда мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram