РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазорати фарҳанг: ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Халқии Бангладеш тақвият меёбанд

21 октябри соли равон вохӯрии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мд Заҳангир Алам, ки қароргоҳаш дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимию дӯстона сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, аз ҷумла санъату мусиқӣ, ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо вобаста ба баргузории як қатор барномаҳои ҳунарӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии ҳар ду кишвар гуфтугӯ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram