РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҷмааи «Дуои Модар»-ро ифтитоҳ карданд

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҷмааи «Дуои Модар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи «Дуои Модар» дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб, дар масоҳати наздик ба 1 гектар бунёд шуда, ба макони зебову назаррабо ва ҷойи қабул ва гусели меҳмонон табдил дода шудааст.

Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли «болои кат даст ба дуо бардошта» сохта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақиятҳо дониста мешавад.

Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки онҳо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунанд. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.

Муҷассамаи «Дуои Модар» ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ азамату бузургии Модарро васф карда, дар ситоиши Модар фармудаанд: «Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.»

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Паргор” мебошад.

Дар ҳудуди маҷмаа фаввораҳо сохта шуда, чароғҳои замонавӣ насб гардидааст. Атрофи муҷассамаи Модар бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Маҷмааи “Дуои Модар”-ро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми хубу шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандакорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram