Барои ошноӣ бо мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа рӯзҳои фарҳанги кишвари мо дар Русияфарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа идома доранд.
Имшаб дар Уфа барномаи пурмазмун барпо мегардад, ки дар зали консертии Бошқирдистон бехтарин ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Қаблан, сокинони Москав бо ҳунарҳои мардумӣ ва муосири халқи тоҷик ошно шуданд.
Рӯзи 24 октябр ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ дар пойтахти Россия баргузор шуд. Тавре ки муовини вазири фарҳанги Россия Алла Манилова баъди ин чорабинӣ қайд кард: «Сафари чунин ҳайати бонуффуз далели равшани дӯстию бародарии халқҳо ва ягонагии таърихии фарҳангҳои мост».
“Ҳадафи чунин вохӯрӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ошноӣ бо анъанаҳои миллӣ ва намоиши истеъдоди санъаткорон аст. Ин фарҳанг аст, ки ба рушди ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад, зеро фарҳанг марз надорад”, — гуфт Обид Назариён, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазоратҳои фарҳанги Русияву Тоҷикистон сурат мегирад. Имсол ин барнома ба 30-солагии равобити дипломатии ду кишвар бахшида шудааст.