Тавре қаблан хабар дода будем, ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри таърихии Арбоб, ки макони баргузории иҷлосияи тақдирсоз аст, Боғи фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида истодааст.
Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар боғи бунёдшаванда ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуд ва роҳбари вилоят рафти корҳои сохтмониро дар ин мавзеъ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ҳудуди боғ аз ҷониби ҳашарчиён дарахтони магнолия, буттаҳои ороишию ҳамешасабз ва 10 ҳазор бех гулҳои мавсимии ороишӣ шинонида шуд.
Қаблан низ дар ҳудуди боғи мазкур дарахтҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуда буд ва ҳамакнун теъдоди ниҳолҳо ба 1000 бех расид.
Бояд қайд намуд, ки тантанаҳои идона ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар Қасри Арбоб доир шуда, ба ин муносибат корҳои ободонию созандагӣ ва таъмиру тармими иншооти фарҳангию таърихӣ идома дорад.