27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳо ва татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ, ки барои густариши ҳамкории ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо асоси устувор гузоштааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои муштарак ва расондани кумакҳои техникиву молиявӣ барои соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дастгирии молиявӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои пандемияи КОВИД-19 ва таъсири манфии буҳрони сиёсии кишварҳои ҷангзада ба иқтисоди кишвари мо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷи маъдан, бунёди зерсохтор, соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ зарур шуморида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот таҳкими шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ», «Технологияҳои рақамӣ» ва ҷорӣ намудани Низоми «Савдои электронӣ» дар Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб маънидод гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот инчунин оид ба ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим табодули афкор анҷом доданд.
Зимни баррасии масоили таҳкими амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ҷонибҳо қазияи Афғонистон ва ҳамкориро дар самти ҳифзи сарҳад дар чаҳорчӯби татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷониби Иттиҳоди Аврупо зикр намуд, ки дар масоили Афғонистон Тоҷикистонро шарики муҳими худ ҳисобида, минбаъд низ дар ҳалли қазияи ин кишвари ҳамсоя, бахусус мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкории муфидро роҳандозӣ хоҳад намуд.