РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДДОТ вобаста ба таълими забон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад

Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар заминаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷик рӯзи 23-юми декабри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методиро дар мавзуи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълими забон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор менамояд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

1. Асосҳои назариявии методикаи муносибати босалоҳият ба таълим;

2. Ҷанбаҳои методии шеваи муносибати босалоҳият ба таълим;

3. Асосҳои методӣ ва амалии тадбиқи муносибати босалоҳият дар таълими забон;

5.Принсипҳои асосии муносибати босалоҳият дар таълими забон;

6. Саҳми донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои муносибати босалоҳият ба таълим;

7. Мушкилоти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва роҳҳои ҳалли он.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram