28-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Краснодари Федератсияи Руссия даври финалии олимпиадаи байналмилалии “Мастер педиатрии” баргузор гардид, ки дар он дастаи “Авитсенна”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иштироки фаъолона карда, бо гирифтани холҳои баландтарин ғолиби ин олимпиада дониста шуд.
Дар даври финалии олимпиада 22 даста рақобати солим доштанд. Донишҷӯён зери роҳбарии Фаррух Бақоев дар ин сабқати байналмилалӣ ширкат карданд.