Аз 25 то 30 октябри соли равон, дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО, донишгоҳи Чигагои ИМА ва Ҷумҳурии Узбекистон коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар семинар-тренинги байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони “Мероси фарҳангӣ ва рушди иқтисодӣ” ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Дар ҷараёни баргузории семинар бо иштироки директори Маркази ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии Донишгоҳи Чигагои ИМА, профессор Гил Стайн, директори Хадамоти машваратӣ оид ба ҳифзи табиат ва рушд Давид Мишелмор, Президент ва сармеъмори Ассотсиатсияи байналмилалии ҳифзи табиат Билл Ремсен, директори Агентии мероси фарҳангии Вазорати туризм ва мероси фарҳангии Узбекистон Расулов Алибек ва директори Институти санъатшиносии Академияи илмҳои Узбекистон Шокирҷон Пидаев тибқи барномаи танзимгардида омӯзиш шурӯъ гардид.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар семинар-тренинги байналмилалии омӯзишӣ аз давлатҳои Осиёи марказӣ, ба мисли Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон коршиносон иштирок доштанд.
Аз ҷониби коршиносони Тоҷикистон мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар шакли “Презентатсия” ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷараёни намоиш диққати иштирокчиёнро ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Аҷинатеппа, Хоҷа Машҳад ва Қалъаи Ҳулбук ҷалб намуд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни семинар аз ҷойҳои таърихии шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон дидан намуданд.