РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намоиши маҳсули ҳунарҳои мардумии эрониён баргузор шуд

Имрӯз, 1 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳсули ҳунарҳои мардумии эрониён ба намоиш гузошта шуд. Дар он ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндагони вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони сафорат иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Малвина Хушқадамова, намоишгоҳро вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдӣ Исмоилӣ ва муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ифтитоҳ намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмсҳдии Исмоилӣ аз густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвар ёдоварӣ намуда, зикр намуд, ки Тоҷикистону Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва таърихи фарҳангии муштарак доранд. Ин ду кишвари ба ҳам дӯст бо муштаракоти фарҳангиву маънавии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта гардид.

Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон идома дошта, интизор меравад, ки 2-юми ноябр маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон баргузор мегардад. Ҳамзамон намоиши филмҳои «Писарони дарё», «Тахтӣ» ва «Роҳи обии абрешим» дар Кохи Наврӯз ва Кинотеатри «Ватан»-и  Душанбе ба  нақша гирифта шудааст.

Инчунин, меҳмонон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ташриф меоранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram