РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДМТ маҳфили “Шоҳномахонӣ” ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои мусиқии Эрон баргузор шуд

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили ҳунарии “Шоҳномахонӣ”, гурӯҳҳои мусиқии “Шаҳпар”, “Пож”, “Суруши Мавлоно” ва “Варзишгарони зурхонаӣ” идома ёфт.

Ҳунармандон дар маҳфили “Шоҳномахонӣ” порчаҳоро аз достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бо маҳорати баланду ҳунармандӣ қироат намуда, аз шуҷоату корнамоиҳои қаҳрамонони асар суханронӣ карданд.

Гурӯҳи мусиқии “Суруши Мавлоно” бо иҷрои ғазалиёти нотакрору беҳамтои Мавлоно ба аҳли нишаст нишоту суруру шодмонӣ ато намуданд.

Ҳамзамон, гурӯҳҳои “Шаҳпар”, “Пож” ва “Варзишгарони зурхонаӣ” низ дар саҳнаи Донишгоҳ бо ҳунару истеъдоди фавқуллода баромад карда, хотири ҳаводорони хешро шод гардониданд.

Роҳбарият, устодону шогирдони Донишгоҳ аз барномаи бошукӯҳу дидании ҳунармандони эронӣ як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардошт намуда, аз ҳунару маҳорати эшон истиқбол намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки чунин як барномаи фарҳангӣ пас аз нисфирӯзӣ, соати 15.00 дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram