Бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябр, соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҳаштуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати адлияи кишвар хабар доданд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмондиҳандаи Форуми миллӣ мебошад. Ҳамоиши мазкур ягона пойгоҳест, ки ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Тоҷикистон муттаҳид месозад.
Ҳадаф аз баргузор намудани Форуми миллӣ- муайян намудани мушкилотест, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд. Инчунин мақсади он — ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба, муҳокимаи озод, таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун мебошад.