Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» дар вилояти Фарғона баргузор шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилои роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов сездаҳ нафар адибону олимони вилояти Суғд давоми ду рӯз дар Фарғона, Риштон ва Марғелон бо аҳли илму адаби вилояти Фарғона, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарӣ ошно гардида, суҳбату мулоқотҳои муфид баргузор намуданд.
Пас аз дидору мулоқотҳо дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона маҳфили «Ганҷи сухан» баргузор шуд. Дар оғози маҳфил Саидумрон Саидов аз нақши беназири сарварони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди дӯстиву робитаҳои илмиву адабӣ сухан намуда, ба ректори Донишгоҳи давлатии Фарғона Баҳодурҷон Шермуҳамадов туҳфаҳои Раиси вилояти Суғд — 200 номгӯ китобҳои адабиву бадеӣ ва таърихиву илмиро тақдим кард.
Дар идома нависанда Додохони Эгамзод аз таърихи дӯстии ду халқ сухан кард ва бо суҳбатҳои ширину гуворои худ хотири ҳозиринро шод намуд. Ӯ низ як силсила китобҳояшро ба роҳбарияти донишгоҳу факултет ҳадя намуд.