Ба хотири гиромидошти шоири маъруфи Машриқзамин — Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ имрӯз, 9 ноябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Ҳайдар, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, намояндагони Сафорати Покистон дар Тоҷикистон, олимону донишмандон, ҳайати устодон ва шогирдон иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори ДМТ Хушвақтзода Қобилҷон ифтитоҳ намуда, оид ба осори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва саҳми эҷодиёти ӯ дар бедории мардуми минтақа сухан гуфт.
Сафир аз ташаббускорони маҳфил изҳори сипос намуда, зикр кард, ки Лоҳурӣ дар доираи илму адаб ва тамаддуни умумибашарӣ мавқеи хос дошт. Осори ин мутафаккири бузур то ба имрӯз бо бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума гардиданд. Аз ҷониби муҳаққиқони мероси илмию адабии ӯ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби алоқамандони осори шоир маърузаҳо шунида шуд.
Бояд гуфт, ки «Рӯзи Иқбол» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1985 то ҳол, ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.