10 ноябр дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки ғолибони даври дуюми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ва ҳайати ҳакамону масъулини чорабинӣ даври ниҳоии озмун баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои «Фарҳанг» аз макони баргузории чорабинӣ хабар дод.
Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим расман ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 22 августи соли 2022, №442 бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеъру сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор мегардад.
Баъди ошноӣ бо ҳайати ҳакамони озмун, ки аз шахсиятҳои маъруфу шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёту санъати кишвар иборат буданд, довталабон аз рӯйи номинатсияҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин суруд дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе» ҳунару маҳорати худро пешкаши ҳайати ҳакамони озмун гардониданд.
Пагоҳ озмун идома меёбад ва довталабон аз рӯйи номинатсияҳои «Қироати беҳтрини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин суруди гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе» ҳунару маҳорати хешро нишон хоҳанд дод.