РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 5-ро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

14 ноябр дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои лоиҳавии муассиса дар масоҳати 2,14 гектар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Фармоишгари ин муассисаи таълимӣ “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй-рем” ба анҷом расонида шудаанд.

Бинои хуштарҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Деваштич дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар ду баст 1240 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар муассиса 60 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандон машғуланд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна ва 26 синфхона, ҳамчунин кабинетҳои фаннию, утоқҳои корӣ иборат мебошад. Дар бинои нави муасисаи таълимӣ китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, синфхонаҳои таълими меҳнат мавҷуданд.

Барои омӯзиши касбу ҳунар дар мактаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хонандагон дар маҳфилҳои таълими меҳнат барои писарон ва дӯзандагӣ барои духтарон касбу ҳунар меомӯзанд.

Бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзишӣ ва синфхонаи шоҳмот бунёду муҷаҳҳаз гардидаанд. Хонандагон бо истифода аз ин шароити муосир ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол, шашкаву шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва ғайра машғул мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кабинетҳои фаннӣ ва толори варзишӣ боздид ба амал оварда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати озоду самимӣ намуданд. Хонандагонро ҳидоят намуданд, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши амиқ омӯзанд ва мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд,

Тибқи лоиҳа, бинои муассиса пурра мутобиқ ба талаботу стандарти соҳаи маориф бунёд гардида, ҳамчунин дорои ҳамаи инфрасохтору иншооти ёрирасон, аз қабили зеристгоҳи мустақили барқӣ, манораи об, анборҳо, нуқтаҳои санитариву гигиенӣ мебошад. Бино пурра тавассути маркази гармидиҳии мустақили худӣ бо гармӣ таъмин карда шуда, дар он системаи ҳавокашӣ васлу насб шудааст.

Дар саҳн ва атрофи бинои муассисаи таълимӣ дарахтони ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонида шудаанд, ки ба намои бино ҳусни хосса зам мекунанд. Дар саҳни мактаб ҳамчунин майдончаи замонавии варзишӣ барои тамрини футбол бунёд шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram