РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

14 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар, таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва муовини Сарвазир – Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардид.

Аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram