17 ноябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 18-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳолати кунунии муносибот ва дурнамои таҳкими ҳамкорӣ миёни ду минтақаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ- иқтисодӣ, обу энергетика, амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамкории минтақавӣ баррасӣ карда, перомуни мавзӯоти байналмилалӣ табодули андеша намуданд.
Инчунин атрофи дурнамои равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи созанда сурат гирифт.