«Парчам-рамзи давлатдорӣ, иттиҳод ва ҳамбастагӣ»- таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони Маркази тадқиқоти стратегӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода баён дошт, ки «парчам ва парчамдорӣ дар фарҳанги давлатдории тоҷикон таърихи хеле қадим ва рангин дошта, ифодагари сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва бақои давлату миллати тоҷик мебошад».
Дар конфронс муаррихон ва коршиносон дар мавзӯъҳои «Таърихи парчам–таърихи миллат», «Дирафш: Аз зуҳури он то муқаддасоти миллӣ», «Тасвири дирафш дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ», «Оини парчамдории ниёгон», «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ», «Парчам дар осори бостоншиносӣ», «Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон-ҳамчун муҳимтарин рамзи давлатдорӣ» маърӯза намуданд.
Қайд шуд, ки даврони навини давлатдории миллати тоҷик дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллат оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.