Имрӯз — 24 ноябр. Парчами Ватан дигаргуна бол мезанад. Шукуҳе дорад фараҳбахш. Ифтихоре дорад хоса. Дигаргуна бол заданҳои ин матои шавкату шонро сабаб мушаххас аст: дар ин лаҳзаҳо ливои мо аз рӯзу ҷашни хоси хеш-30-юмин солгарди пазируфтанаш ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирад.
24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки рамзи бақои давлату миллати тоҷик ва яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.
30 сол аст, ки Тоҷикистон ба унвони давлати дорои муқаддасоти миллӣ, хоса Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён ошност. 30 сол аст, ки мо ин дигаргуна бол заданҳои ливои худро мушоҳида менамоям, зеро ҳар рӯз дар ин Ватан корҳои шоиста, ибтикороти арзишманд, дастовардҳои нодир ва пешравиҳои назаррас воқеъ мегардад.
Парафшон гаштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо ифтихоре мебахшад, ки бо ин тафохур баҳри хидмат ба Тоҷикистон камари ҳиммат мебандем. Пиру ҷавони кишвар, дар симои намояндагони касбу кори гуногун бо ритми болафшонии парчами меҳан зиндагиву ватанхоҳию ватандорӣ менамоянд.
Дар арафаи истиқбол аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ливои меҳан дар арсаи ҷаҳон боло гардид. Ба парафшонии Парчами мо қаҳрамониҳои варзишгарони тоҷик дар риштаи дюздо Темур Раҳимов ва Мулораҷаб Халифаев сабаб шуд. Темур Раҳимов аввалин медали тиллоро дар таърихи дюздои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои «Grand Slam» соҳиб гардид.
Саодат дар ливо гардад таҷассум,
Ливо рамзи саодатҳои мардум.
Ливои мо бақои зиндагонист,
Ба бар бигрифта сад маънову мафҳум.
Парафшонии парчами Ватан дар самои Тоҷикистони азиз ҳамеша боиси илҳоми аҳли қалам андар эҷоди ашъори ватандӯстона мегардад. Шак нест, ки ҳар шеъри ватанхоҳонаро сарбаландиву болафшонии ливои бахт рӯи авроқи сафеди шоир меорад. Варзишгар бо бозуву нерӯи худ агар парчамбардор будани худро собит намояд, аҳли хома қудрати тарбиятгари зеҳну қалами худро василаи парчамбардорӣ мехонанд.
Сарчашмаҳо собит месозанд, ки тоҷикон аз лиҳози таърихӣ дар масъалаи парчамсозию парчамдорӣ ҳавсалаи тамом доштанд. Вале шеваи парчамдории касбии мо дар таърихи парчамҳои ҷаҳон ба номи Коваи оҳангар сабт шудааст, ки пешдомани чармии оҳангарии худро боло бардошту бо кӯмаки Шоҳ Фариддун мардумро бар зидди зулми Заҳҳоки хунхор бархезонд.
Мо тоҷикон аз рӯзҳои аввал ба сифати парчамҳои худ диққати хоса медодем. Аз он, ки парчами Коваи Оҳангар аз лиҳоз сифат олӣ, яъне аз чарм сохта шуда буд, далели ин гуфтаҳост.
Дигар ин ки агар парчами давлату қавмҳои мухталиф ба таври сохта, рӯи кор омада бошанд, мисли он ки Парчами Аляскаи Амрикоро бачаи 13 сола сохтааст, вале парчамҳои давлати тоҷикон бе ҳеҷ гуна сохтакорие, дар ҳавои ватандорӣ ва ихтиёри парчамдӯстию парчамхоҳии мардуми мо ба вуҷуд омадаанд. Мисле ки Парчами Коваи оҳангар бар зидди зулму бедодӣ рӯи кор омад ва ниҳояташ аз байн бурдани зулми Заҳҳок гардид. На танҳо қавму давлатҳои тоҷикон Парчам доштанд, балки қаҳрамону паҳлавонҳои миллати мо ливои хоси худро доштанд. Мисли он, ки нишону ливои хоси Рустами дастон ва дигар паҳлавонон дар «Шоҳнома» дарҷ гаштааст.
Ливо бошад саломи орзуҳо,
Нишону эҳтироми орзуҳо.
Барои тоҷики бонангу боор,
Кабўтар бо паёми орзуҳо.
Ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони рӯзи пос доштани муқаддасоти миллии давлатӣ баҳри ҳар як сокини ватандӯст бузургу аҳаммиятнок маҳсуб меёбад. Мардуми мо арҷ гузоштанро ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчамро рукни муҳими ватандорӣ мехонанд.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудом дар фазои Тоҷикистони азизамон парафшонӣ намояд. Ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бошад!
Умеди бардавоми тоҷикон аст,
Шукўҳу нангу номи тоҷикон аст.
Ҷилои бахт бошад парчами мо,
Беҳин ороиши Боми ҷаҳон аст.
БАХТИЁР Раҳмониён, сармутхассиси шуъбаи тарбия, роҳбари маҳфили “Ровиёни ҷавон”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, корманди радиои «Фарҳанг»