РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалӣ муаррифӣ гардид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо даъвати Сафири Ҷумҳурии Италия дар Туркия Ҷиорҷио Марраподи дар Симпозиуми “Саҳми бисёрфарҳангӣ дар ташаккулёбии фарҳанги муосири экологӣ ва фарҳанги нави обӣ” иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур доираи 50 нафар иштирокчиён, аз ҷумла профессорон, дипломатҳо, коршиносони соҳаи обу муҳити зисти итолиёгӣ ва туркӣ дар шакли ҳузурию маҷозӣ ширкат варзиданд.

Зимни баромади хеш Сафир ҳозиринро бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистом муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об, алалхусус иқдоми чорум Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” шинос кард.

Ҳамзамон, роҳбари намояндагӣ қайд кард, ки дар ҳамбастагии сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳигарии Ҳолланд ва Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Анқара 24 ноябри соли 2022 брифинг вобаста ба Конфронси обӣ “UN 2023 Water Conference” баргузор мегардад. Аз фурсат истифода намуда, номбурда иштирокичиёни Симпозиуми мазкурро барои иштирок дар брифинг даъват ба амал овард.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram